LIVE

"Соро компания"- қаҳрамон!

Бозии панҷум ва  ҳалкунандаи силсилаи ниҳоии Formula55 - Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 миёни дастаҳои “Соро компания” ва “Сипар” ба фоидаи дастаи "Соро компания" хотима ёфт. Вохӯрӣ дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ба суди дастпарварони Пайрав Воҳидов ҷамъбаст шуд. 
Голҳоро аз ҳайати ғолибон  Файзалӣ Сардоров ва Муҳаммад Шарипов ба самар расониданд.
Ҳамин тариқ, "Соро компания" қаҳрамони се каратаи Тоҷикистон дар соли 2021 гардид. Қаблан ин дастаи шаҳри Душанбе солҳои 2018 ва 2019 нишони тиллои Лигаи касбии футзали Тоҷикистонро ба даст оварда буд.


Formula55 – Лигаи касби  футзали Тоҷикистон  
Финал. Бозии панҷум
«Соро компания» (Душанбе) – «Сипар» (Хуҷанд) – 2:1
Голҳо: Файзалӣ Сардоров, 8 (1:0). Муҳаммад Шарипов, 15 (2:0). Вахтанг Кекелия, 16 (2:1).
Бозингари беҳтарини бозӣ: Маҳдӣ Мустафо («Соро компания»).
30 октябр. Душанбе. Маҷмааи варзишии Кумитаи андоз 
Натиҷаи силсила– 3:2

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив