LIVE

Бозиҳои аввали финали Серияи PRO кай баргузор мешаванд?

Рӯзҳои 16-17 октябр ду бозии марҳилаи ниҳоии Лигаи касбии футзали малакат миёни тимҳои “Соро компания” ва “Сипар” баргузор мешаванд. “Соро компания” ба ҳайси ғолиби  даври якуми чемпионат  ду вохӯрии    аввалро муқобили  тими “Сипар” дар  Маҷмааи варзишии  Кумитаи андоз доир мекунад.  Бозиҳои соати 18:00 оғоз мешаванд.  Тибқи муқаррарот  бозиҳои финалии Лигаи футзали Тоҷикистон  аз серияи то 3 ғалабаи яке аз дастаҳо иборат аст.

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон -2021
Финал. Бозии аввал

16 октябр (шанбе)
Оғоз - соати 18:00

Соро компания - Сипар

Душанбе, Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
Финал. Бозии дуюм

17 октябр (якшанбе)
Оғоз - соати 18:00

Соро компания - Сипар

Душанбе, Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив