LIVE

"Соро компания" ва "Сипар" дар финали Серияи Pro-2021

Бозиҳои даври нимфинали Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 баргузор шуданд, ки дар натиҷа иштирокчиёни даври финалӣ маълум гардиданд. Сеюмин сол пайиҳам дастаҳои “Соро компания”-и Душанбе ва “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд дар финал вомехӯранд.
“Соро компания” дар ду бозии даври нимфинал бар дастаи “Пойтахт” пирӯз шуд - дар бозии аввал, ки 2 октябр доир гардид, бо ҳисоби 7:2 ва 9 октябр дар бозии дуюм бо ҳисоби 10:2 пирӯзиро моли худ кард.
“Сипар” низ дар ду бозӣ “Истиқлол”-ро шикаст дод – дар бозии аввал 2 октябр бо ҳисоби 5:3 ва дар бозии дуюм 10 октябр бо ҳисоби 2:0 роҳхати финалро барояш таъмин сохт. Ёдовар мешавем, ки соли сеюм аст “Соро компания” ва “Сипар” барои ба даст овардани медалҳои тиллои Лигаи касбии футзали Тоҷикистон бозӣ мекунанд. Финал аз силсилаи бозиҳо то се ғалабаи яке аз дастаҳо иборат аст. Ду дастаи шаҳри Душанбе – “Истиқлол” ва “Пойтахт” барои ҷои сеюм бозӣ мекунанд. Ин дастаҳо бошад, барои медалҳои биринҷӣ танҳо як бозӣ анҷом медиҳанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив