LIVE

Финал дар соҳили Сирдарё


Дар бозии аввали финалии чемпионати Тоҷикистон оид ба футзал дастаҳои "Сипар" ва "Соро кампания" дар қасри варзиши шаҳри Хуҷанд бо ҳам рақобат карданд. Ин рақобат бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи мизбонон ба поён расид. Ҳарчанд бо голҳои задаи Малхаз Муртсихваладзе ва Файзалӣ Сардоров меҳмонон бо ҳисоби 2:0 ба пеш баромаданд, вале дар қисми дуюм шогирдони мутахассиси сербягӣ се тӯби беҷавоб ба дарвозаи ҳарифони худ карда, дастболо шуданд. Голҳоро Баҳодур Хоҷаев, Ориф Булукӣ ва Меҳрони Ризопур ба номи худ сабт карданд. Бозии финали чемпионати Тоҷикистон, ки аз се ғолибият иборат аст, 1 - уми декарб бо бозии дуюм дар ҳамин майдон идома мекунад. 


Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2019
Финал. Бозии аввал:
«Сипар» – «Соро компания» – 3:2
Голҳо: Файзали Сардоров, Малхаз Муртсхваладзе – Баходур Хоҷаев, Ориф Булукӣ, Меҳрони Ризопур.

Финал. Бозии дуюм 

1 декабр
Оғоз– в 18:00
«Сипар» – «Соро компания» 
Хуҷанд, «Қасри варзиш»

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив