LIVE

Классикои футзали тоҷик мусовӣ анҷом ёфт

Дар бозии марказии даври якум ва марҳилаи аввали чемпионати Тоҷикистон оид ба футзал ду дастаи беҳтарини кишвар, “Соро” ва “Сипар” ба арсаи рақобат ворид шуданд. Дидори дастаҳо пуршиддату ҷолиб сурат гирифта бо ҳисоби 3:3 ба анҷом расид. Голҳои қаҳрамони феълии Тоҷикистон, яъне дастаи “Соро”-ро Идрис Ёров, Умед Кузиев ва Муҳаммад Шарипов ба ҳадаф расонданд. Аз ҳайати “Сипар” бошад ду голро лигионери эронии тим Ризопур Меҳронӣ ба номаш мӯҳр зада, як голи дигарро Ҳомидов Рустам ба исмаш сабт намуд. Пеш аз мавсим ҳар ду даста кӯшиш намуданд, ки ҳайати худро бо бозигарони қавӣ пур созанд. Дастаи “Соро” чаҳор бозигари нав харидорӣ намуд. Ин футзалбозони тими мунтахаби кишвар Собирҷон Гуляков ва Умед Кузиев, ҳамчунин бозигарони тими мунтахаби ҷавонони кишвар Комрон Алиев ва Идрис Ёров мебошанд. Дастаи “Сипар” ҳам дар равзанаи хариду фурӯш бозигарони зиёдро харидорӣ намуд, ки инҳо мебошанд: Рустам Ҳомидов, Ҳомид Бахшӣ, Баҳодур Хоҷаев, Мансур Эргашев, Муртазо Фарохонӣ. Ҳамчунин боиси қайд аст, ки дастаи шаҳри “Хуҷанд” собиқ сармураббии тими “Бонки Бейрут” Деян Дедовичро ба ҳайси сармураббӣ даъват намуд ва бо мутахассиси хориҷӣ шартномаи дарозмуддатро ба имзо расонд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив