LIVE

Дастаи футзали Тоҷикистон дар Машҳад омодагӣ дорад

Дастаи миллии футзали Тоҷикистон баъди расидан ба шаҳри Машҳади Ҷумуҳрии Исломии Эрон омодагиҳои худро баҳри ширкат дар бозиҳои интихобии чемпионати Осиё-2020 оғоз кард. Ёдовар мешавем, ки дастаи мо дар минтақаи марказ ва ҷануби Осиё ширкат намуда, дар як гуруҳ бо дастаҳои Непал (23 октябр), Афғонистон (24 октябр) ва Ӯбекистон (25 октябр) бозӣ мекунад. Бозиҳои интихобӣ дар шаҳри Урмияи ҶИЭ аз 23 то 25 октябр дар гуруҳ баргузор мешавад. Ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа, ки соли оянда бори аввал дар Туркманистон доир ешавад, ду дастаи беҳтарин аз ҳар гуруҳ роҳхат мегирад. Сармураббии дастаи футзали Тоҷикистон Деян Дедодвич ба ҳайат 13 бозингарро шомил намуд. 

Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон:
Фируз Бекмуродов (Соро Компания)
Аликулов Муродулло (Соро Компания)
Саломов Дилшод (Сипар)
Шарипов Раҳмонали (Соро Компания)
Сардоров Файзалӣ (Соро Компания)
Ҳалимов Шавкат (Сипар)
Раҳматов Парвиз (Сипар)
Воситзода Иқбол (Сипар)
Хоҷаев Баҳодур (Сипар)
Қӯзиев Умед (Соро Компания)
Гуляков Собирҷон (Соро Компания)
Равшанбеков Қувватбек (Помир)
Ҳомидов Рустам (Сан Сити, Қирғизистон)

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив