LIVE

Мунтахаби футзали меҳан омодагиашро ба ЧО – 2020 оғоз кард

Тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо роҳбарии мутахассиси сербӣ - Деяна Дедович ба машқҳои омодагӣ баҳри иштирок дар бозиҳои интихобии Осиё – 2020 оғоз бахшид. Барои иштирок дар ин машқҳо ин мутахассис ба ҳайат 17 бозигар, ки аз онҳо  3 нафарашон дарвозабон мебошад ба тамринҳо даъват намудаас.  Дар рӯйхати ниҳоии даста, барои ширкат дар ин бозиҳо 14 нафар бозигарон иштирок карда метавонанд. Дар ҳафтаи оянда, 17 октябр тими мунтахаби Тоҷикистон ба шаҳри Машҳади Эрон сафар мекунад ва машқҳои ҷамъбастии пеш аз оғози ин мусобиқаро дар ҳамин шаҳр мегузаронад. Ёдовар мешавем, дар мусобиқоти интихобии Чемпионати Осиё – 2020 оид ба футзат мунтахаби Тоҷикистон дар минтақаи иттиҳоди Марказ ва Ҷануб ширкат мекунад. Дар гурӯҳи “А” мунтахаби меҳан дидорҳои худро бо тимҳои Непал 23 октябр, Афғонистон 24 октябр ва Ӯзбекистон 25 октябр доир хоҳад намуд. Марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё – 2020 дар шаҳри Урмияи Эрон баргузор мегардад. 
Ҳайати пурраи тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал:
Дарвозабонҳо: Фируз Бекмуродов, Муродулло Алиқулов (аз – «Соро компания»), Бахромхоҷа Сидикхоҷаев («Сипар»);
Бозингарони майдон: Дилшод Саломов («Сипар»), Шавкат Ҳалимов, Парвиз Раҳматов, Иқбол Воситзода, Баходур Хоҷаев (аз – «Сипар»), Раҳмоналӣ Шарипов, Мухаммадҷон Шарипов, Файзали Сардоров, Умед Кузиев, Собирҷон Гуляков, Идрис Ёров (аз – «Соро компания»), Қувватбек Равшанбеков («Памир»), Самандар Ризомов («Карон»), Рустам Хамидов («Сан Сити», Қирғизистон).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив