LIVE

“Сипар” ва “Соро кампания” барои унвони қаҳрамонӣ талош мекунанд.


Баъдианҷоми бозиҳои даври нимниҳоии чемпионати Тоҷикистон ду иштирокчии бозии ниҳоӣ маълум гардид.  Дар бозии  дуюми  даври  нимниҳоӣ  тими “Соро кампания” бар дастаи “Помир” бо ҳисоби калони 7:0 пирӯзӣ ба даст овард. Дар ин рақобат Сиёвуш Қаюмов,  Умед Қӯзиев, Фирӯз Сангов, Насим Шарипов, Комрон Алиев, Вахтанг Кекел, Файзалӣ Сардоров голҳои меҳмоноро ба ҳадаф расониданд.  Бозии аввали дастаҳо ҳам бо пирӯзии “Соро кампания” (7:2) ба анҷом расида буд. Дастаи “Помир”, ки дар ду бозии даври нимниҳоӣ мағлуб  шуд, барои ҷойи сеюм бо дастаи “Карон” рақобат мекунад. Ду бозии ниҳоӣ 31-уми ноябр ва 1-уми декабр дар қасри варзишии шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив