LIVE

Пирӯзии ҳангуфти “Соро” бар “Артиш”

Дар бозии мавқуфмондаи даври 3-юми Лигаи миллии футзали кишвар дастаҳои “Артиш” ва “Соро” вориди майдони рақобат шуданд. Бозии дастаҳо дирӯз баргузор шуда, бо ҳисоби калони 29:0 ба суди қаҳрамони феълии Лигаи миллии футзали кишвар хотима ёфт. Дар ҳоли ҳозир “Соро” бо касби 16 хол дар зинаи дуюми ҷадвал қарор дорад. Ногуфта намонад, ки футзалбозони “Соро” як бозии доирнакарда дар ихтиёри хеш доранд. Дар даври навбатӣ “Соро” бо дастаи “Истаравшан” майдондорӣ мекунад. Рақобати дастаҳо санаи 11-уми сентябр соати 16:00 дар назар аст.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив