LIVE

Пирӯзии "Соро компания" дар бозии аввали даври нимниҳоӣ


Дар бозии даври нимниҳоии чемпионати лигаи касбии футзали Тоҷикистон дастаи "Соро кампнаия" дар майдонаш бо "Помир" рақобат кард. Ин вохӯрӣ дар маҷмаии варзишии Кумитаи андоз сурат гирифта, бо ғалабаи шогирдони Пайрав Воҳидов бо натиҷаи 7:2 фамъбаст шуд. Душанбегиҳо дар қисми аввал аввалиншуда ба дарвозаи худ гол сар доданд, аммо дар қисми дуюм бо афзалияти бештар дастболо шуданд. Бозии ҷавобӣ 24-уми ноябр дар ҳамин толори варзишӣ доир мешавад. Ёдовар мешавем, ки тибқи низомномаи нави баргузорӣ дар лигаи касбии футзали Тоҷикистон, барои ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ дастае, ки дар ҷадвал мақоми аввалро касб намудааст, бо тими 4-уми ҷадвал дар даври нимниҳоӣ бозӣ мекунад. Ҷуфти дигар бо ширкати дастаҳои 2-юм ва 3-юми ҷадал сурат гиранд. Бозии плей-офф ё нимниҳоӣ аз ду ғалаба иборат буда, тимҳои пирӯз ба бозии ниҳоӣ роҳ меёбанд. 

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон - 2019 

 Даври нимниҳоӣ, Бозии аввал: 


"Соро кампнаия" - "Помир" 7:2 (0:1)

голҳо: Ғаффоров А 15, (0:1), Сардоров Ф, 21 (1:1), Сабуров Х, 21 (1:2), Алимаҳмадов Н, 22 (2:2), Гуляков С, 29 (3:2), Шарипов Р, 35 (4:2), Алимаҳмадов Н, 35 (5:2), Вахтанг К, 36 (6:2), Алиев К, 38 (7:2) 

"Соро кампания": (панҷгонаи аввал) 2. Мурод Алиқулов, 11. Сангов Фирӯз, 5. Гуляков Собир, 13. Раҳмоналӣ Шарипов, 8. Муҳаммад      Шарпов (захира) 1. Фирӯз Бекмуродов, 4. Идрис Ёров, 3. Комрон Алиев, 15. Муҳаммад Раҷабов, 77. Вахтанг Кекел, 6. Некрӯз            Алимаҳмадов, 9.Фазалӣ Сардоров (к), 14. Насим Шарипов,
"Помир": (панҷгонаи аввал) 1. Далер Саидқулов, 14. Қувватбек Равшанбеков (к), 6. Сино Карамхудоев, 7. Файзен Раҳматшоев, 17.      Фариддун Неъматов (захира) 12. Ёрибек Алиёрбеков, 19. Холид Сабуров, 9. Алишер Ғаффоров, 5.Азиз Одинаев, 15. Абдурайҳон Сайидалиев

Довари бозӣ: Абдумалик Ғаффоров (Хуҷанд)
ёрдамчии довар: Далер Ғаффоров (Хуҷанд)
довари эҳтиётӣ: Cафар Солиев (Душанбе)

21 ноябр, Душанбе, маҷмааи варзишии Кумитаи андоз, 21.11.2019 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив