LIVE

Натоиҷи даври дуюми Серия "ПРО" -2019

Санаи 28-уми июл бозиҳои даври дуюми Лигаи касбии Тоҷикстон оид ба футзал баргузор шуданд. Дар ин даври рақобатҳо баргузории ду бозӣ дар Душанбе, як бозии дигар дар шаҳри Истаравшан ва як дидори дигар дар шаҳри Хуҷанд дар назар буд.
   Дар даври дуюми Серия “ПРО” -2019 бозиҳои зерин баргузор шуданд.
“Помир” – “Карон”
“Соро Комапания” – “Самандар”
“Сипар - Равшан”
“Истравшан” – “Артиш”

                                                                “Помир” – “Карон”
Ин даври рақобатҳо бо дидори дастаҳои “Помир” ва “Карон” шуруъ шуд. Дастаи навтаъсиси “Помир”, ки аввалин намояндаи гӯшаи кӯҳсорони осмонбӯс, яъне ВМКБ дар лигаи касбии Тоҷикистон оид ба футзал маҳсуб мешавад, бозиҳои хонагии худро дар шаҳри Душанбе доир мекунад. Рақиби дастаи номбаршуда, тими “Карон” буд, ки аксар бозигарони онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Мутахассисони соҳа пеш аз рақобат ғалабаи дастаи “Карон”-ро пешгӯи мекарданд, аммо бозигарони тими “Помир” бар хилофи гуфтаҳои “Настардамус”-ҳои футбол тавонистанд ғалабаи дуюмро пайи ҳам ба даст оранд. Бозӣ бо натиҷаи 3-1 ба нафъи “Помир” анҷом ёфт ва дастаи номбаршуда тавонист зинаи аввали ҷадвалро нигоҳ дорад. Аввалин шуда дастаи “Карон” ҳисобро кушод. Муаллифи гол Меҳрубон Тиллоев гардид. Аммо ҳанӯз дар қисми аввали дидор шогирдони Мустафо Афшорӣ бо кӯшиши Сино Карамхудоев ҳисобро баробар намуданд. Ду голи дигарро бозигарони “Помир” дар қисми дуввум ба самар расонданд, ки муаллифонашон Акмал Алиназаров ва Темур Исмоилов буданд.

“Соро Компания” – “Самандар”

Дастаи “Самандар” чанд сол иштирокчии пайвастаи чемпионати кишвар ба ҳисоб меравад, аммо натиҷаҳои хубро нишон дода наметавод. Дар бозӣ бо тими номбаршуда, қаҳрамони феълӣ, “Соро” ба душворӣ рӯбурӯ нашуд. Новобаста аз он ки сараввал бозигарони шаҳри Турсунзода ҳисоби бозиро кушоданд, ҳанӯз дар қими аввали рақобат шогирдони Пайрав Воҳидов ҳисобро 5-1 сохтанд. Панҷ голи дигарро бозигарони “Соро” дар қисми дуюм ба ҳадаф расонданд. “Самандар” ҳам дар пайти дуввуми дидор як голи дигар зад, аммо фарқияти панҷ гол ва як гол дар ду нимаи бозӣ аз ҷониби ҳар ду даста, ҳисобро ба 10-2 бар суди “Соро” расонд. Мавриди зикр аст, ки ин бозии охирини “Соро” пеш аз ширкаташон дар Лигаи чемпионҳои Осиё ба ҳисоб меравад , ки дар еишвариТайланд  доир мегардад.



“Сипар – “Равшан”

Дастаи “Сипар” дар мавсими ҷорӣ рақобатҳои футзали кишварро боз ҳам ҷолибтар сохт. Мураббии хориҷӣ ва чанд лигионере, ки ба даста пайватсанд сатҳ ва сифати бозии дастаи шаҳри Хуҷандро баланд бардоштанд. Дар бозӣ бо “Равшан” шогирдони Деян Дедович бидуни мушкилот зафар ёфта, аввалин ғолибиятро дар мавсими ҷорӣ ба даст оварданд. Бозӣ дар “Қасри варизиш”-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуда, бо ҳисоби 12-0 ба поён расид.

“Истаравшан” – “Артиш”

“Истаравшан” омода буд, то ғалабаи дуввуми худро дар бозӣ бо “Артиш” ба даст орад, аммо барои соҳиби 3 имтиёз гардидан ин даста кореро анҷом надод. Сабабаш он аст, ки дастаи “Артиш” ба бозӣ ҳозир нашуд. Департаменти футзали ФФТ-ро мебояд сари ин масъала ҷиддӣ бияндешад. Ҳамакнун “Истаравшан” дар баробари “Помир” ду дастае ба ҳисоб мераванд, ки дар ду даври аввал ғалаба ба даст оранд.
 
  Пас аз ин даври рақобатҳо “Помир” бо шаш хол дар зинаи аввал мавқеъашро нигоҳ дошт. “Истаравшан” се имтиёзи осонтаринро ба даст оварда, дар зинаи дуввум аст. “Сипар” ва “Соро” айни ҳол дар зинаҳои сеюму чаҳорум қарор доранд. “”Карон”,”Самандар”, “Равшан” ва “Артиш” дар зинаҳои баъдӣ мавқеъ касб намуданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив