LIVE

"Помир" – қувваи нав дар футзали Тоҷикистон

Санаи 21.07.2019 бо бозӣ байни дастаҳои “Помир” ва “Артиш” Серия Про 2019 расман ғоз шуд. Бозӣ бо натиҷаи калони 10:1 ба нафъи дастаи навтаъсиси “Помир” ба анҷом расид. 
Шояд баъзеҳо номи “Помир”-ро шунида дастаи КМВА-ро дар назар дошта бошанд, аммо ин куллан дастаи дигар мебошад. Ин дастае ҳаст, ки аз бозигарони маҳалли ВМКБ таркиб ёфтааст ва аввалин намояндаи минтақаи кӯҳсорони осмонбӯс ва чашмаҳои мусаффо дар чемпионати Тоҷикистон оид ба футзал ба ҳисоб меравад. Дӯстдорони ашаддии футзал метавонанд суол кунанд. Пас дастаи “Сарез Олимп” чӣ? Магар дастаи номбаршуда аввалин намояндаи ВМКБ дар чемпионати кишвар набуд? Посух чунин аст. Аввалтар аз ҳама ин даста дар Серия Про, яъне мартабаи баландтарини футзали кишвар бозӣ накард ва  танҳо дар Серия Б ширкат варзид. Дуввумаш он, ки дастаи “Сарез Олимп” аксари  бозигаронеро ҷамъоварӣ намуд, ки дар шаҳри Душанбе донишҷӯ буданд ва маҳалли зисти доимӣ ё муваққатии онҳо пойтахти кишвар маҳсуб мешуд. Сеюм, аз ин даста айни ҳол сару садое нест ва бозигарони собиқи он дар дастаҳои дигар ҳунарнамоӣ доранд. Ба ҳамин хотир метавон гуфт, ки ба таври воқеӣ ва ҳирфавӣ  маҳз дастаи “Помир” аввалин намояндаи “боми ҷаҳон” дар футзали тоҷик аст.  
Аввалин маротиба ин даста аз худ дар мусобиқаи пешазмавсимӣ садо баровард. Дар мусобиқаи номбаршуда, дастаи “Помир” дар як гурӯҳ бо қаҳрамони феълии кишвар, дастаи “Соро” шомил буд. Дар бозии сеюми марҳилаи гурӯҳӣ ин дастаҳо байни ҳам рақобат намуданд. “Помир” рақобати арзанда нишон дод ва тавонист бозиро бо “Соро” бо ҳисоби мусовӣ ба анҷом диҳад. Дастаи “Помир” то финали ин мусобиқа роҳи худро ҳамвор намуд ва дар финал боз ҳам бо дастаи “Соро” ба арсаи рақобат ворид шуд. Бозии ниҳоӣ бо ғалабаи қаҳрамони кишвар ба анҷом расид, вале ҳамагон пай бурданд, ки дастаи “Помир” қувваи нав дар футзали тоҷик аст. 
Сармураббии дастаи номбаршуда Мустафо Афшорӣ ҳаст, ки ба кулли мухлисони футзали тоҷик бо кору фаъолияташ дар дастаи “ДИСИ Инвест” маълуму машҳур аст. Мутахассиси эронӣ соли 2017  дастаи “ДИСИ Инвест”-ро  қаҳрамони Тоҷикистон намуда, беҳтарин мураббии соли 2017  эътироф гардид. Акнун дар пеши ӯ вазифаи дигаре гузошта шудааст. Ӯ бояд дастаи “Помир”-ро ба яке аз тимҳои беҳтарини футзал мубаддал гардонд. Пас аз бозӣ бар муқобили дастаи “Артиш” мутахассиси эронӣ қайд намуд, ки вазифаи асосӣ барои мавсими дебютии дастаи “Помир” роҳ ёфтан ба ТОП-4  ба ҳисоб меравад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив