LIVE

Мусобиқа 24 даста барои “Нигини Помир”

Баҳри ба даст овардани Ҷоми “Нигини Помир”дар маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ байни 24 дастаи идораву муассисаҳои ВМКБ мусобиқаи футболи хурд гузаронида шуд. Чорабинӣ бо ибтикори мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳр, ширкати “Tcell” ва Бахши варзиши Шӯрои минтақавии Оғохон ташкил гардида, ғолибони бозӣ соҳиби ҷом, ифтихорнома, медал, мукофотпулӣ ва дигар туҳфаҳо шуданд. Ҳамин гуна, даври финалӣ бо пирӯзии тими “Маркази исмоилия” хотима ёфта, ин даста бар тими “Раёсати нақлиёт” бо ҳисоби 7:5 дастболо гашт ва Ҷоми “Нигини Помир” - ро ба даст овард. Зинаи сеюмро тими “Дастаи собиқадорон” ишғол намуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив