Ҳозир нашудани “Равшан” ба бозӣ, торумори “Самандар”, пешсафии “Помир” ва “Истаравшан”

Дар даври сеюми Серия “ПРО” -2019 баргузории 3 дидор дар назар буд. Бозиҳои дастаи “Соро” бо  сабаби иштироки тими номбурда дар лигаи чемпионҳои Осиё ба таъхир гузошта шуданд. Дар даври сеюм  баргузории чунин рақобатҳо ба нақша гирифта шуда буданд:
  “Равшан” – “Помир”  (ш.Душанбе)
  “Карон”   -  “Истаравшан”   (ш.Душанбе)
  “Самандар”   - “Сипар” –  (ш.Турсунзода )
 Бозии дигари даври сеюм байни дастаҳои “Соро” ва “Артиш” санаи 3-юми сентябр доир хоҳад шуд. 
“Равшан” – “Помир”
Дастаи “Равшан” бо сабаби надоштани толори варзишӣ бозиҳои хонагии худро дар шаҳри Душанбе баргузор мекунад. Бозигарони “Помир” дар толор ҷамъ гардида, аллакай интизори рақиб буданд. Оғози бозӣ соати 13:00 дар назар буд, аммо бозигарони дастаи “Равшан” дар вақти муқаррагардида ҳозир нашуданд.  Дастаи “Помир”  3 имтиёзи осонтаринро ба хазинааш ворид намуд.
“Карон”  -  “Истаравшан”   
“Истаравшан” дар баробари “Помир” ду дастае маҳсуб мешаванд, ки дар 3 дидор 9 имтиёзи имкондоштаро ба даст оварданд. Дар даври сеюм “Истаравшан” дар сафар бар “Карон”   зафар ёфт. Дар қисми аввали дидор ҳисоб баробар 3:3 буд. Ҷавонони дастаи “Карон” рақобати арзанда нишон доданд ва метавонистанд, ҳисобро ҳанӯз дар нимаи аввал ба нафъи худ афзун кунанд, аммо бо сабаби надоштани таҷриба имконитҳои худро дуруст ва самаранок истифода кардан натавонистанд.  Дар нимаи дуюм бозигарони “Истаравшан” имкониятҳои худро бо гол хотима бахшидан бо ҳисоби 6:4 ғалаба намуданд. 
“Самандар”  - “Сипар”   
 “Сипар” пас аз натиҷаи мусовӣ дар даври аввал бар муқобили “Соро” 2 давр пайи ҳам ғалаба ба аст овард. Дар даври гузашта “Сипар” бар “Равшан” ва дар бозии даври сеюм бошад бар “Самандар” дастболо гардид. Бозигарони шаҳри “Хуҷанд”  дар сафар бозӣ намуда, 15 голро ба дарвозаи “”Самандар” равон карданд. Сармураббии дастаи номбурда  Деян Дедович пас аз ғалаба ибрози андеша карда, қайд намуд, ки мақсади асосӣ ва ягонаи дастаи “Сипар”  қаҳрамоншавист. 
  Пас аз даври мазкур дар ҷадвали мусобиқа ҳеҷ гуна тағйирот ба чашм намерасад. Дастаи “Помир” зинаи аввалро нигоҳ дошт. “Истаравшан” ҳам 9 имтиёз дошта, танҳо бо сабаби таносуби голҳояш бо дастаи “Помир”  дар зинаи дуюм қарор дорад. “Сипар” мавқеи худро дар зинаи сеюм нигоҳ дошт. “Соро”, “Карон”, “Самандар”, “Равшан” ва “Артиш” дар зинаҳои баъдӣ қарор доранд. 
  Бозии ҷолибтарини даври минбаъда дар шаҳри Хуҷанд баргузор хоҳад шуд, ки дар он дастаҳои зини якум ва сеюм  “Помир” ва “Сипар” ба арсаи рақобат ворид мешаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив