LIVE

Нимаи аввали мавсими Лигаи якум ба анҷом расид

Санаи 21-уми июл сабқатҳои даври 13-уми Лигаи якум доир гардиданд. Дар даври мазкур дастаи пешсафи лига “Файзканд” дидори худро дар варзишгоҳи “Авиатор” бо “Душанбе-83” доир кард, ки сабқат бо ҳисоби 0 бар 0 хатм гардид. 
Дар ноҳияи Восеъ бозии ҷолибу диданӣ миёни “Ҳулбук” ва “Равшан” сурат гирифт ва футболбозони ноҳияи Восеъ тавонистанд бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз шаванд.
Як бозии дигар миёни “Барқчӣ” ва “Парвоз” имрӯз баргузор мегардад ва сабқати “Исфара” – “Локомотив-Помир” бошад, ба таъхир гузошта шуд.
Бо ҳамин нимаи аввали мавсими Лигаи якум ба анҷом расида, бозиҳои даври 14-ум санаи 15-ум ва 16-уми август баргузор мешаванд.
Лигаи якум. Даври 13-ум.
“Дӯстӣ” 1:4 “Ваҳдат”
“Эсхата” 3:0 “Зарафшон”
“Ҳулбук” 2:1 “Равшан”
“Шоҳмансур” 1:1 “Саройкамар”
“Душанбе-83” 0:0 “Файзканд”

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив