LIVE

“Соро Компания” қаҳрамони Тоҷикистон


Дастаи “Соро Компания” дар бозии чоурми ниҳоии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон бар “Сипар” ғалаба кард. Вохӯрии дастаҳо дар Маҷмааи варзишии кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, бо ҳисоби 5:2 ба фоидаи футзалбозони “Соро Компания” хатм гардид. 
Қабл аз ин дидор ҳисобии умумии рақобатҳо 2:1 бар нафъи футзалбозони пойтахт буд. Агар “Сипар” дар дидори мазкур ғалаба мекард пас як бозии дигар миёни дастаҳо баргузор мегардид, аммо “Соро Компания” дар дидори калидӣ пирӯз гардида, бо ҳисоби умумии 3:1 дар Лигаи касбии футзали мамлакат дар соли 2019 дастболо шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив