LIVE

Пагоҳ "Соро компания" ва "Сипар" барои медали тилло мубориза мебаранд

Бозии панҷум ва  ҳалкунандаи силсилаи ниҳоии Formula55 - Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 миёни дастаҳои “Соро компания” ва “Сипар” фардо, 30-юми октябр дар Душанбе баргузор мешавад.Пас аз чаҳор бозӣ ҳисоб дар силсила баробар 2:2 аст. 
Фардо, 30 октябр, футзалбозони «Соро компания» ва «Сипар» бозии ниҳоии силсилаи ниҳоиро анҷом медиҳанд, ки дар натиҷа ғолиби Лигаи касбии футзали Тоҷикистон дар мавсими  2021 муайян мешавад. Вохӯрӣ дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе соати 18:00 оғоз мешавад.
Барои вохӯрии панҷуми силсилаи ниҳоӣ Федератсияи футболи Тоҷикистон доваронро аз Ӯзбекистон даъват кардааст. Бозии дарпешистодаро доварони футзали ФИФА Анатолий Рубаков ва Никита Афиногенов, ки қаблан дар ду бозии аввали финалӣ доварӣ карда буданд, ҳакамӣ мекунанд.
Formula55 - Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021
Финал. Бозии панҷум
30 октябр (шанбе)
Оғоз - соати 18:00
Соро компания (Душанбе) - Сипар (Хуҷанд)
Доварон: Анатолий Рубаков, Никита Афиногенов (ҳар ду аз Ӯзбекистон).
Комиссари бозӣ: Ориф Ҷӯраев (Душанбе).
Душанбе, маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳисоб дар силсила - 2:2.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив