Ҷуд Беллингем ба Мадрид рафт. Нимаи дуюми имрӯз футболбози англис дар "Сантяго Бернабеу" расман муъарифӣ карда шуд. Нимҳимоятгар дар дастаи наваш таҳти рақами 5 бозӣ мекунад. Бо ин рақам қаблан футболбози маъруф Зидан бозӣ мекард.
“Реал” ин футболбози 19 соларо аз “Боруссия Дортмунд” ба ҳайати хеш ҷалб сохт ва бо ӯ қарордоди 6 сола, то тобистони соли 2029 ба имзо расонид.
«Боруссия Дортмунд» қаблан хабар дода буд, ки «Реал Мадрид» барои Беллингем 103 миллион евро ва илова боз мукофотпӯлӣ пардохт хоҳад кард.
