LIVE

Президенти «Реал» асрори гузариши Ҷуд Беллингемро ба дастаи мадридӣ фош кард

Президенти «Реал» Флорентино Перес гузариши нимҳимоягари «Боруссия»-и Дортмунд Ҷуд Беллингемро шарҳ дод. 
«Имрӯз ба сафи дастаи мо яке аз беҳтарин бозигарони ҷаҳон пайваст. Ҷуд инҷо барои он аст, ки ӯ хост инҷо биёяд. Ӯ метавонист ба дилхоҳ тими дигар равад, бисёриҳо мехостанд бо ӯ шартнома имзо кунанд, аммо худи ӯ  «Реал»-ро интихоб кард. Хуш омадед», — овардааст аз суханони Перес  журналист Фабрисио Романо.
Ёдрас мекунем, ки Ҷуд бо «Реал» шартнома то тобистони соли 2029 имзо намуд. Пештар «Боруссия» иттилоъ дода буд, ки аз барои Беллингем «Реал»-и Мадрид  103 млн евро ҷамъи иловапулиҳо дар ҳаҷми қариб 31 млн евро пардохт мекунад.
Ба сафи «Боруссия» бошад Беллингем соли 2020 аз «Бирмингем Сити»-и англисӣ гузариш намуда, дар масири се мавсим дар Олмон дар 132 бозӣ ба майдон омад, 24 гол ба самар расонид ва 25 партофти голӣ ирсоли ҳамдастагон намуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив