LIVE

Канселу ва «Барса» оиди имзокунии қарордоди корӣ ба мувофиқа расиданд

Жоау Канселу мехоҳад аз  «Манчестер Сити» ба «Барселона» гузариш кунад.
Чӣ тавре Фабрисио Романо хабар медиҳад, дифоъгари самти рост аллакай оиди қарордоди шахсӣ бо «Барселона» ба тавофуқ расидааст.
Ӯ мехоҳад ба тими каталонӣ бипайвандад. Хави низ бозигари португалиро аз моҳи январ инҷониб дар даста диданӣ аст.
Айни ҳол «Барселона» бо  «Манчестер Сити» оиди гузариши бозигар дар иртибот аст. Бошгоҳи каталонӣ ният дорад, ки як қисмати маблағ аз фурӯши Усмон  Дембелеро ба «ПСЖ» барои амаликунии гузариши Канселу истифода кунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив