LIVE

Ҳаким Зиеш ҳамдастаи Роналду мешавад

Нимҳимоягари «Челси» Ҳаким Зиеш фурсатҳои наздик метавонад ба тими саудии «Ал-Наср» гузариш намояд, хабар медиҳад инсайдер Фабрисио Романо дар саҳифаи «твиттер»-и худӣ.
Аз рӯи маълумоти сарчашма, бошгоҳи «Ал-Наср», дар сафи дастае, ки Криштиану Роналду баромад мекунад, оиди гузариши Зиеш ба тавофуқи шифоҳӣ расидааст. Шартҳои қарордоди шахсӣ бо бозигар аллакай мувофиқа шудаанд. Агар кулли чиз аз рӯи нақша амалӣ шавад,  Ҳаким бо ҷониби арабӣ шартномаи мӯҳлаташ то моҳи июни соли 2026 имзо мекунад.
Ғайр аз ин, бошгоҳи саудӣ оиди гузариши нимҳимоягари       30-сола бо «Челси» ба тавофуқ расидааст. Ҷонибҳоро танҳо зарур аст, ки охирин ҷузъиёти гузаришро дуруст кунанд ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои гузариши бозигарро имзо намоянд. 
Дар мавсими сипаришуда  Ҳаким Зиеш дар сафи «Челси»       24 бозӣ дар ҳамаи мусобиқаҳо гузарониду ба ирсоли се партофти голӣ мушарраф шудааст. Пештар аз ин бошад бозигари марокашӣ дар сафи «Аякс», «Твенте» ва «Ҳеренвен» майдондорӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив