LIVE

"Реал" мехоҳад футболбозони "Ман.Сити"-ро бихарад

"Реал Мадрид" мехоҳад футболбозони "Манчестер Сити" Жоау Канселу ва Эрлинг Ҳоландро бихарад.

Қайд карда мешавад, ки клуби испанӣ мехоҳад Канселуро  тобистони соли 2023 ва Ҳоландро  тобистони соли 2024 харидорӣ кунад. Дар ин ҳол ҷубронпулии "Манчестер Сити" дар ҳаҷми € 180 млн вуҷуд дорад.

Тибқи гузоришҳо Канселу аллакай аз таваҷҷӯҳи "Реал Мадрид" огоҳ аст ва розӣ мешавад, ки бо ин клуб шартнома имзо кунад. Арзиши тахминии ӯ аз 40 то 50 млн евроро ташкил медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив