LIVE

Дембеле ва Роберто ба "Ман.Сити" Силва ва Конселу ба "Барса" мераванд

Ҳимоятгар Жоау Канселу ва нимҳимоятгар Бернарду Силва шояд ба "Барселона" раванд. Усмон Дембеле ва Сержи Роберто бошанд, аз "Барса" ба "Ман. Сити" мегузаранд.

     Як ҳафта пеш президенти "Барселона" Жоан Лапорта ва директори клуб Матеу Алемани дар мусобиқаи голф дар Майорка бо сармураббии "Ман.Сити" Пеп Гвардиола мулоқот карданд. Дар он ҷо онҳо ояндаи ин бозигаронро баррасӣ намудаанд. Mundo Deportivo бо ишора ба атрофиёни футболбозони Португалия менависад, ки ҳоло ҳарду ҷониб барои ташкили қарордод кор мекунанд. Гарчанде ки ҳарду футболбоз бо "Манчестер Сити" то моҳи июни соли 2025 шартнома доранд, онҳо мехоҳанд ба "Барселона" гузаранд. Ғайр аз ин, манфиатҳои ин футболбозонро агент Хорхе Мендес, ки бо роҳбарияти ҳозираи "Барса" муносибати олӣ дорад, ҳимоя мекунад. Ҳоло каталонҳо бояд мутмаин бошанд, ки Дембеле ва Роберто  ба Манчестер Сити гузаштан розӣ ҳастанд, зеро шартномаҳои ин футболбозон тобистони соли 2022 ба итмом мерасанд ва дар моҳи январ онҳо метавонанд дар  трансферҳо дар мақоми агентҳои озод  гуфтушунид кунанд. 
Пеп Гвардиола кайҳо боз мехост  Роберторо ба даст орад, зеро ба ӯ омодагии тактикии футболбоз ва қобилияташ дар мавқеъҳои гуногун маъқул аст. Розӣ кардани Дембеле душвор аст, ки ба гузариш ба "Манчестер Сити" розӣ шавад. "Барса" гумон дорад, ки футболбоз мехоҳад ба охир расидани созишномаи ҳозираашро интизор шуда, ба клуби нав ройгон гузарад. Имрӯз агенти фаронсавӣ бо роҳбарияти клуб мулоқот мекунад ва ин метавонад ба созишномаи имконпазир таъсири ҷиддӣ расонад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив