LIVE

“Барса” бо беҳтарин футболбози “Сити” қарордод бастанист

Тибқи иттилои  Daily Express  «Барселона» мушкилоти дастаи «Сити»-ро назорат дорад, зеро клуби каталонӣ мехоҳанд аз ҳайати ин дастаи  англисӣ ниммуҳофизатгар Бернарду Силвуро ба Испания ҷалб созад.
«Барселона» солҳои дароз аст, ки ба ин футболбози моҳири португалӣ таваҷҷуҳ дорад. 
Силва бо дастаи «Сити» шартномаи ҳамкории бисёрсола бастааст, аммо маҳрумияти клуб аз мусобиқоти аврупоӣ, шояд назари футболбози мазкурро доир ба фаъолияти ояндааш иваз мекунад. Арзиши ниммуҳофизатгари мунтахаби Португалия дар равзанаи трансферӣ 100 миллион евро гуфта мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив