LIVE

«Ман Сити» барои Гвардиола муҳофизатгар меҷӯяд

Сармураббии «Манчестер Сити» - Хосеп Гвардиола ба роҳбарияти клуб дархости хариди ду муҳофизатгари марказӣ кардааст.

Ҳолати кунунии тим гувоҳи он аст, ки тақдири футболбози хати муҳофизат - Ҷон Стоунс норӯшан аст. Ҳамчунин мутахассиси испанӣ хоҳиш кардааст, ки дар сурати тарки Лерой Зане дар мавқеи ӯ низ барояш боз як ҳамлагар ҷалб созанд. Шартномаи ҳамкории мутахассиси 48 сола бо тими англисӣ то 30-юми июни соли 2021 эътибор дорад. Мураббии мазкур гуфтааст, ки дар сурати иҷрои талаботҳои мазкур розигии худро дар самти тамдиди қарордод хоҳад  дод. Вагарна пешниҳодҳои муфид аз ҷониби дигар дастаҳо барояш мавҷуд аст.

«Манчестер Сити» дар 25 бозӣ  51 имтиёз ба даст оварда, дар зинаи дуюми ҷадвали умумии чемпионати Англия қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив