LIVE

Гвардиола дар «Ювентус» Сарриро иваз мекунад

«Ювентус» мақсад дорад то бо сармураббии «Манчестер Сити» - Хосеп Гвардиола қарордод бандад. Дар ин бора The Sun иттилоъ медиҳад. 
Аз нигоҳи президенти бошгоҳи туринӣ - Андреа Анйелли танҳо Гвардиола метавонад дастаро дар Лигаи чемпионҳо муваффақ гардонад. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки агар мутахассис дар Италия  кор кардан хоҳад, метавонад шароиту мақсадҳои худро баён созад ва «Ювентус» тамоми гуфтаҳои ӯро иҷро мекунад. 
Қаблан хабар дода шуд, ки роҳбарияти клуби туринӣ аз кори сармураббии кунунӣ - Мауритсио Сарри розӣ нест ва мақсад дорад, ки бо ӯ хайру хуш намояд. 
Шартномаи  Гвардиола бо  «Ман Сити» то моҳи июни соли 2021 эътибор дорад ва ба иттилои ВАО маоши  ӯ  23,5 млн евроро дар як сол ташкил медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив