LIVE

Падари Месси бо роҳбарияти “Барселона” мулоқот карданист

Падари ҳамлагари "Барселона" Лионел Мессӣ Хорхе Месси бо президенти “Барселона” - Хосеп Мария Бартомеу мулоқот карданист, хабар медиҳад Mundo Deportivo. 
Тибқи иттилои манбаъ, Бартомеу рӯзи 3 сентябрро замони мулоқот бо падари Месси эълон кардааст, аммо қабл аз баргузории ин дидор гуфтааст, ки танҳо барои боқӣ мондани бозигар дар даста омодааст, ки соатҳои дароз суҳбат намояд.  Гуфта мешавад, ки президенти даста ба ҳеҷ ваҷҳ рафтани Мессиро аз даста намехоҳад ва барои анҷом додани ин кор ба наздикони бозигар тавсия додааст, ки зиёд заҳмат накашанд. Хорхе, дар навбати худ, мехоҳад ба роҳбарияти клуб расонад, ки писараш рафтанро афзалтар медонад, зеро ӯ аз нокомиҳо дар Лигаи чемпионҳо хаста шудааст, алахусус пас аз бохти шармандавор бо ҳисоби 2:8 дар бозӣ бо “Бавария” ва дар синни 33-солагӣ мехоҳад лоиҳаи наверо ҷустуҷӯ кунад. "Манчестер Сити" довталаби аслии мубориза барои футболбози аргентинӣ мебошад. Сармураббии дастаи “Манчестер Сити” - Хосеп Гвардиола дар “Барселона” қарор дорад. Мутахассис бо Месси ваъда дод, ки ояндаи футболбозро муҳокима мекунад. Рӯзи 30 август Месси пеш аз сар кардани тамрин ба ташхиси тиббӣ ҳозир нашуд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив