LIVE

Гвардиола: «Ман Сити» ҳамеша аз Силва миннатдор аст

Сармураббии «Манчестер Сити» Хосеп Гвардиола назари худро дар бораи яке аз беҳтарин бозигарони дастааш - Давид Силва, ки дар баробари анҷоми мавсим тарки клуби анлглисӣ мекунад, чунин баён намуд. 
«Фаъолияти Силва нотакрор аст.   Ӯ дар бозиҳои зиёд ширкат намуда, ба даста барои дарёфти ҷойзаҳо кӯмак кардааст. Клуб ҳамеша аз ӯ миннатдор мебошад», — иқтибос оварда шудааст, аз сухани  Гвардиола дар сомонаи расмии тими «Манчестер Сити».
Силва тобистони соли 2010 аз «Валенсия»   ба «Манчестер Сити» гузариш карда буд. Маблағи гузариш 28,75 млн евроро ташкил дода буд.  Ниммуҳофизатгари 34 сола бо "Ман Сити" 430 бозӣ гузаронида, ба задани 76 гол ва 139 партофти головар даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив