LIVE

Лапорте Рамосро дар “Реал” иваз мекунад

Ҳимоятгари фаронсавии "Манчестер Сити" -и Эмерик Лапорте метавонад ба “Реал Мадрид” гузарад. Гузориши Daily Star. Бино ба иттилои манбаъ, мадридиҳо ҳимоятгари 26-соларо ҳамчун ҷойгузини эҳтимолии Серхио Рамос мебинад, ки клуб бо ӯ то ҳол дар бораи тамдиди шартнома ба мувофиқа нарасидааст. Мӯҳлати созишномаи Рамос бо “Реал Мадрид” тобистони соли 2021 ба охир мерасад. Лапорте дар ин мавсим дар ҳамаи мусобиқаҳо 14 бозӣ гузаронидааст, ки дар он як гол зада, се корти зард ба даст овардааст. Қаблан гуфта мешуд, ки "Реал", "Барселона" ва "Манчестер Юнайтед" ҳимоятгари фаронсавии "Севиля" - Жюл Кундеро ба ҳайаташон ҷалб кардан мехоҳад.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив