LIVE

Серхио Рамос ба назди Бекхэм меравад

Мувофиқи маълумоти AS, ҳимоятгари мунтахаби Испания ва “Реал Мадрид” - Серхио Рамос метавонад фаъолияти худро дар MLS идома диҳад. Тибқи иттилои манбаъ, собиқ ҳамдастаи Рамос дар “Реал Мадрид” - Дэвид Бекхэм, ки сармоягузори асосии “Интер Майами” аст, мехоҳад дар клубаш ин ҳимоятгарро бубинад. Гуфтушӯниди Рамос дар бораи тамдиди қарордод бо “Реал Мадрид” тӯл кашид.  Мӯҳлати қарордод моҳи июни соли 2021 ба итмом мерасад. Агар тарафҳо ба мувофиқа нарасанд, муҳофизатгар метавонад ба клуби дигар гузарад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив