LIVE

Баҳси Рамос бо “Реал”

Ба иттилои рӯзномаи Marca Серхио Рамос хулосаи ниҳоии хешро дар самти тамдиди шартнома баровард. Дифоъгари испанӣ мехоҳад «Реал» бо ӯ то соли 2023 қарордод ба имзо расонад. 
Вале «Реал» бо футболбозони калонсолаш хоҳиши бастани созишнома ба солҳои тӯлониро намеписандад. Ба ҳамин хотир ин хулосаи Рамос масъулини дастаро нигарон кардааст. Роҳбарияти клуби шоҳона мақсади бастани қарордоди нав бо муҳофизатгараш барои як сол дошт, ки ин иқдоми роҳбарият ба сарвони клуб писанд нест.  Сиёсати клуби мазкур ҳамин гуна аст, ки бозигарони калонсоли дастаро на камтар аз як сол пешниҳоди ҳамкорӣ медиҳад. Чунин иқдомро қаблан нисбати Икер Касиляс, Раул, Хаби Алонсо ва дигарон лоиқ дониста буд.  
Бовуҷуди ин ҳама «Реал» намехоҳад бо Серхио Рамос гуфтушунидро мушкил созад ва дар назар аст, ки ҷонибҳо сари мақсад меоянд ва моҳи феврал тақдири футболбози маъруф маълум мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив