LIVE

Рамос дар "Реал" боқӣ мемонад

Рӯзҳои охир дар шабакаи интернет ҳамаи маҷаллаҳои варзишӣ дар бобати тарки сарвони “Реал Мадрид” – Серхио Рамос суханг мегуфтанд. Дирӯз бегоҳ дар як нишасти хабарӣ дифоъгари 33 солаи испанӣ фикри худро дар бобати тарки “Реал” чунин баён кард.

“Ман мадриди ҳастам. Мехоҳам, ки корномаи варзишиамро танҳо дар “Реал” ба анҷом расонам. Ман бо президенти бошгоҳ Флорентино Перес ягон мушкилӣ надорам, муносибати мо ба монанди падар ва писар аст. Мо то ҳол дар бораи тарки ман ҳатто фикр ҳам накардаем. Ман омода ҳастам, ки дар “Реал” ба таври ройгон бозӣ кунам. Ин рост аст, ки ба ман аз бошгоҳҳои чиноӣ пешниҳоди хуб аст. Ман дурӯғ намегӯям”- , гуфт Серхио Рамос.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив