LIVE

Мушкилии Рамос бо "Реал" ҳали худро наёфт?

Ба иттилои рӯзномаи Marca Серхио Рамос хулосаи ниҳоии хешро дар самти тамдиди шартнома баровард. Дифоъгари испанӣ мехоҳад «Реал» бо ӯ то соли 2023 қарордод ба имзо расонад. 
Вале «Реал» бо футболбозони калонсолаш хоҳиши бастани созишнома ба солҳои тӯлониро намеписандад. Ба ҳамин хотир ин хулосаи Рамос масъулини дастаро нигарон кардааст. Роҳбарияти клуби шоҳона мақсади бастани қарордоди нав бо муҳофизатгараш барои як сол дошт, ки ин иқдоми роҳбарият ба сарвони клуб писанд нест.
«Реал» маротибаи 4-ум аст, ки ба муҳофизатгари худ - Серхио Рамос пешниҳоди қардоди нав мекунад, аммо аз чӣ сабаб бошад, ки ситораи футболи испаниро ин пешниҳод писанд намешавад ва аз гузоштани имзо дар шартнома даст мекашад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив