LIVE

Рамос пулро интихоб мекунад ё "Реал"-ро?

“Пари Сен-Жермен” умед дорад, ки ҳимоятгари “Реал Мадрид” - Серхио Рамосро ба Париж меорад, менависад AS. Бино ба иттилои манбаъ, клуби фаронсавӣ ба футболбоз шартномаи сесола бо маоши 16,8 миллион евро дар мавсим пешниҳод мекунад. “ПСЖ” инчунин омода аст ба ин гузариш боз маблағи иловагӣ низ сарф кунад. Шартномаи амалкунандаи капитани бошгоҳи “шоҳона” то тобистони соли 2021 амал мекунад ва клуб то ҳол созишномаро бо ӯ тамдид накардааст. Хабар дода шуд, ки “Реал Мадрид”, ки одатан ба футболбозони калонсол барои зиёда аз як мавсим шартнома намедиҳад, аз принсипҳои худ дур шуда, омодагии худро барои имзои шартномаи дусола бо Серхио иброз дошт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив