LIVE

Кейлор Навас ба “ПСЖ” меравад

Дарвозабони “Реал Мадрид” Кейлор Навас ба қарибӣ бозигари “Пари Сен-Жермен” –и Фаронса хоҳад шуд. Тибқи иттилои манбаъ, дастаи Париж барои дарвозабони 32-сола 13 млн евро пардохт мекунад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки футболбоз аллакай шартҳои шартномаи шахсиро бо “Пари Сен-Жермен” мувофиқа кардааст.Навас тобистони соли 2014 аз “Леванте” ба “Реал Мадрид” бо маблағи 10 млн евро гузариш анҷом дода буд. Мутаассифона соли равон ба ӯ вақти бозӣ ҷудо нашуд ва худи Навас низ аз ин ҳолат норозӣ буд.  Дар панҷ соли ҳунарнамоии Навас  дар “дастаи шоҳона”, ӯ 12 ҷомҳоро болои сар бардоштааст, ки сетои онҳо Ҷоми Лигаи Чемпионҳо (2015/16, 2006/17, 2017/18) мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив