LIVE

Мбаппе дар бораи ояндаи худ тасмим гирифт

Ҳамлагари "Пари Сен-Жермен - Килиан Мбаппе дар бораи ояндаи худ тасмим гирифт.
Бино ба иттилои манбаъ, футболбози 21-солаи фаронсавӣ мехоҳад фаъолияти  худро дар "Реал Мадрид" идома диҳад.  
Мбаппе роҳбарияти "ПСЖ"-ро дар бораи нияти тарк кардани даста дар охири мавсим огоҳ кардааст. Форвард нақша дорад, ки дар Испания ё Англия бозӣ кунад.
Мбаппе тобистони соли 2017 аз "Монако" ба "ПСЖ" аввал ба иҷора ва сипас расман гузариш кард. Парижиҳо барои ин ҳамлагар 145 миллион евро сарф карданд.Мавсими гузашта ҳамлагар дар 20 бозии чемпионати Фаронса ширкат варзид, ки дар он муаллифи 18 гол ва 5 партофти головар гаштааст. Шартномаи футболбоз бо клуби шаҳри Париж то тобистони соли 2022 эътибор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив