LIVE

Йович мақсади рафтан аз “Реал”-ро дорад

      Ҳамлагари сербиягии “Реал Мадрид” Лука Йович ният дорад, ки дастаи худро иваз кунад, мегӯяд AS.
Тибқи иттилои манбаъ, футболбоз мехоҳад вақти зиёди бозӣ дар майдон дошта бошад. Бошгоҳи шоҳона омодааст ҳамлагарро ба дастаи дигар ба тариқи иҷора диҳад.
      Йович тобистони соли 2019 аз “Айнтрахт” -и  Франкфурт ба “Реал Мадрид” гузариш намуд. Маблағи гузариш 60 миллион евро буд. Дар мавсими гузашта ҳамлагари 22-сола дар 17 бозии чемпионати Испания (чаҳор маротиба дар ҳайати асосӣ) ширкат варзида,  ба задани ду гол даст ёфт. Шартномаи футболбоз бо клуби шаҳри Мадрид то тобистони соли 2025 амал мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив