LIVE

Ҳамлагари нолозими "Реал" ба "Челси" лозим шуд

Бошгоҳи "Реал" тобистон барои яклухт ба фурӯш гузоштани яку якбора 5 футболбози хеш омодагӣ мебинад. Дар миёни онҳое, ки мадридиҳо аз баҳраш гузаштан мехоҳанд, собиқ ҳамлагари "Айнтрахт " - Лука Йович низ ҳаст. Гуфта мешавад, ки ҳамлагари сербиягӣ мақсади гузариш ба дастаи "Челси" – ро дорад. Лука Йович ҳарчанд  дар "Айнтрахт" дурахшид, аммо бо омаданаш ба Мадрид дар "Сантяго Бернабеу" муваффақ нашуд. Дар баробари Йович "Реал" мақсад дорад, ки тобистон бо Мариано Диас, Браима Диас, Ҷеймс Родригес ва Лука Модрич хайру хуш намояд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив