LIVE

Гарет Бэйл билохира аз “Реал” рафт

Клуби шаҳри Лондон футболбози мунтахаби Уэлсро барои як мавсим ба иҷора гирифт. Бо вуҷуди он, ки Гарет Бэйл дар “Тоттенхэм” бозӣ мекунад, аммо қисмате аз маоши футболбоз, ки 13 миллион фунт (14,2 миллион евро)-ро дар бар мегирад,  бошгоҳи шаҳри Мадрид пардохт мекунад. Ҷонатан Барнетт, агенти Бэйл, гуфтушуниди байни “Реал” ва “Тоттенхэм”-ро дар бораи гузариши футболбоз тасдиқ кард. Бейл тобистони соли 2013 аз “Тоттенхэм Хотспур” ба “Реал Мадрид” гузашт. Маблағи траснфер 101 миллион евро буд. Дар мавсими гузашта ҳамлагари Уэлс дар 16 бозии Чемпионати Испания (12 нафар дар ҳайати асосӣ) иштирок карда, дар он 2 гол зада, 2 партофти головар анҷом додааст. Хотиррасон мекунем, ки мухлисон Бейлро номуваффақтарин футболбози “Реал Мадрид” дар мавсими солҳои 2019/2020 эътироф карданд. Шартномаи футболбоз бо клуби шаҳри Мадрид то тобистони соли 2022 амал мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив