LIVE

Перес Бэйлро барои 250-умин бозиаш бо пироҳани «Реал» табрик кард

Футболбози уэлсии дастаи «Реал» - Гарет Бэйл 250-умин бозии худро бо пироҳани бошгоҳи шоҳона анҷом дод. Дар бозӣ бар муқобили «Эйбар» (3:1) Бэйл дар дақиқаи 61-уми рақобат Родригоро иваз кард. Баъди бозӣ Президенти дастаи «Реал» - Флорентино Перес ба футболбози мазкур пироҳани варзишии рамзӣ бо рақами 250 тақдим кард. 
Бэйл дар 250 бозӣ ба задани 105 гол ва 68 партофти головар даст ёфтааст. Дар мавсими ҷорӣ бо «Реал» 15 дидор гузаронида, 2 гол задааст. 
Гарет Бэйл аз «Тоттенхэм Хотспур» соли 2013 ба «Реал» бо маблағи 101 млн € гузариш намуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив