LIVE

Зидан дар бораи рафтани Бэйл чӣ гуфт?

Сармураббии «Реал» - Зинедин Зидан дар мавриди эҳтимолияти рафтани ҳамлагари дастааш - Гарет Бэйл дар мавсими гузариши зимистона сухан гуфт. 

«Гарет бо мост. Ман аз ӯ умед дорам. Сабаби рафтанашро аз даста фаҳмида наметавонам. Ман ба тамоми онҳе, ки дар ҳайати даста ҳастанд умед дорам», гуфтааст Зидан. 

Қаблан хабаре паҳн гардид, ки «Тоттенхэм» бо «Реал» дар мавриди гузариши Гарет Бэйл ба мувофиқа расидаанд ва ин футболбоз дар рӯзҳои наздик тарки Мадрид хоҳад кард.  Дар мавсими ҷорӣ Гарет дар 12 бозӣ ба задани 2 гол ва 2 партофти головар даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив