LIVE

Бэйл дастаи навашро интихоб кард

Дар ҳақиқат ҳам дар варзиши рақами якуми сайёра нақши асосиро маблағ мебозад. Чаро ки ситораҳои саршиноси футбол ба хотири маблағи ҳангуфт ба дастаҳои заифу нотавон шомил мешаванд. Ба ҳамин маъно ситораи 100 миллионаи “Реал Мадрид” ва мунтахаби Уэлс - Гарет Бэйл пешниҳоди топ дастаҳои аврупориро рад намуда, ба хотири маблағи ҳангуфт ба Суперлигаи Чин мепайвандад. Тибқи маълумоти сомонаҳои расмии испанӣ Гарет Бэйл аллакай барои бастани шартнома ба Чин сафар намудааст. Футболбози 30 солаи уэлсӣ бо дастаи “Тсзянсу Сунин”-и Чин шартномаи 3 соларо ба имзо мерасонад. Дар дастаи наваш Бэйл дар як сол 22 млн евро ба даст меорад. Ёдовар мешавем, ки Гарет Бэйл соли 2013 аз дастаи “Тоттенхэм” бо арзиши 100 млн евро ба “Реал” гузариш намуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив