LIVE

“Реал” тобистон Бейлро ройгон ба хоҳишмандон тӯҳфа мекунад

Ҳамлавари уэлсии “Реал Мадрид” - Гарет Бейл тобистон дастаро тарк хоҳад кард. Бино ба иттилои рӯзномаи Daily Mail бо вуҷуди он ки қарордоди ӯ то тобистони соли 2022 эътибор дорад, бозигарро ба таври ройгон раҳо мекунад. Сармураббии “Реал Мадрид” - Зинедин Зидан ниҳоят итминон дод, ки ӯ дар даста барои Бэйл ҷой надорад ва аз роҳбарият хоҳиш намудааст, ки аз бозигар халос шавад. Инчунин мадридиҳо намехоҳанд солана ба Бейл 17 миллион евро маблағ диҳанд. Илова бар ин, пас аз баромадани Британияи Кабир аз Иттиҳоди Аврупо дар доираи маҳдудиятҳои  Ла Лига, ки  на зиёда аз 3 бозигари ғайри Иттиҳоди Аврупо ба ҳайат дохил карда мегарданд, Бейл ҳамчун легионер дониста мешавад. Дар мавсими ҷории чемпионати Испания, ки бо сабаби пешгирӣ аз коронавирус боздошта шуд, ин футболбоз дар ҳайати бошгоҳи худ 14 бозӣ гузаронида, ду гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив