LIVE

Гарет Бейл Сантяго Бернабеуро тарк кард

Ҳамлагари “Реал Мадрид” -  Гарет Бейл қабл аз анҷоми бозӣ бо “Реал Сосйедад” варзишгоҳи Сантяго Бернабеуро тарк намудааст.   Ҳангоме, ки ҳисоб 1 бар 4 ба суди меҳмонон буд, Бейл то охир интизор нашуда, ҷониби манзили худ ҳаракат намуд. Тибқи иттилои AS, футболбози   30-соларо сармураббии даста - Зинедин Зидан ба рақобат шомил накард ва ӯ дар дақиқаи 82-юми вохӯрӣ варзишгоҳи Сантяго Бернабеуро тарк гуфт.  Футболбози мазкур дар мавсими равон маротибаи 5-ум аст, ки то охири рақобат дастаашро мунтазир намешавад.  Ҳамзамон футболбоз бо ин амали хеш оинномаи клубро низ ба таври расмӣ вайрон намекунад. Зеро тибқи қоида, бозигарони бошгоҳи «шоҳона» метавонанд пас аз дақиқаи 80-ум аз варзишгоҳ баромада раванд. Мухлисон амали Гарет Бейлро кори ношоиста меноманд. Дар сурате, ки ҳамдастагонат рӯ ба нокомӣ доранд, бояд то ба охир дар канорашон бошию онҳоро ҷонибдорӣ кунӣ, гуфтаанд мухлисон.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив