LIVE

Жозе Моуриню хостори Гарет Бэйл шудааст

«Тоттенхэм» нақша дорад, ки бо футболбози «Реал» - Гарет Бэйл қарордод  бандад. Дар ин бора Elespanol иттилоъ додааст. Тавре гуфта мешавад, дар ин муомилот худи сармураббии дастаи лондонӣ Жозе Моуриню таваҷҷуҳ дорад. Қаблан гуфта мешавад, ки «Реал» бо 17 футболбози худ хайру хуш мекунад, ки дар ин феҳрист исми Бэйл низ мавҷуд аст. Намояндаи махсуси  футболбози мунтахаби Уелс, Ҷонатан Барнетт иқрор шудааст, ки Гарет нақшаи тарки дастаи мадридиро  надорад.  Аз рӯи фарзияи мухлисони бошгоҳи шоҳона Бэйл бадтарин бозигари  «Реал» дар мавсими солҳои-2019/2020 эътироф шуд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив