LIVE

“Реал” рӯзи рафтани Рамосро эълон кард

Хабарнигори телевизиони El Chiringuito Хосеп Педрерол хабар дод, ки ҳимоятгари Реал Мадрид Серхио Рамос эҳтимолан дар охири мавсим клуби шаҳри Мадридро тарк мекунад. “Реал” аллакай ба Рамос барои тамдиди шартнома пешниҳод кардааст. Флорентино Перес шахсан ба ӯ суҳбат доштааст. Перес аз футболбоз хоҳиш кардааст, ки маошашро 10 фоиз кам кунад. 
Клуб дар ин бора аз тамоми даста пурсон шуд, ду бозигар Йович ва Эдегор барои 10% кам кардани маошашон розӣ шудаанд. Вале Серхио Рамос барои коҳиш додани музди маош розигӣ намедиҳад.  “Реал Мадрид” ба ӯ пешниҳоди нав бо маоши камтар кардааст, аммо бо чунин маош фаъолият кардан дар нақшаи муҳофизатгар  нест. “Реал Мадрид” ду роҳро пешниҳод кард: соли шартнома бидуни коҳиш ё ду сол бо коҳиши 10 фисади маош.
"Ман ният дорам, ки пешниҳодҳои дигарро бишнавам" гуфт Рамос ба Перес. Аз он вақт инҷониб, Рамос чизе нагуфтааст. Клуб дарк мекунад, ки Рамос пешниҳоди дурустро меҷӯяд ва барои рафтан аз даста омодагӣ мебинад. “Реал Мадрид” тахмин мезанад, ки Рамос 30-юми июн меравад".
Шартномаи амалкунандаи Рамос бо “Реал Мадрид” то 30-юми июни соли 2021 амал мекунад ва пас аз он футболбоз агенти озод хоҳад шуд. Муҳофизатгари марказӣ аз соли 2005 дар ин даста бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив