LIVE

Тобистон панҷ бозингари асосӣ "Ман. Сити"-ро тарк мекунанд

Панҷ бозигари ҳайати асосии “Манчестер Сити” метавонанд тобистон дастаро тарк кунанд.
Қайд мешавад, ки ба ин феҳрист Илкай Гундоган, Бернарду Силва, Кайл Уокер, Жоау Кансело ва Америк Лапорт шомиланд. 
Шартномаи Гундоган бо "Сити" ба охир мерасад. Клуб мехоҳад шартномаи нав бандад, аммо худи бозингар дар фикри рафтан аст. Қаблан хабар дода шуда буд, ки ӯ бо «Барселона» шартномаи пешакӣ имзо кардааст. 
Бернарду Силва муддати тӯлонӣ дар бораи иваз кардани клуб фикр мекард. Футболбоз метавонад дар дастаҳои «Барса», «Реал» ва «ПСЖ» фаъолияташро идома диҳад. Ҳамватани ӯ - Канселу бо Гвардиола ва ҳайати мураббиён муносибатҳои хуб надорад ва аз ин рӯ мехоҳад, ки дастаро тарк кунад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив