LIVE

“Манчестер Сити”-ро як қатор бозигарон тарк мекунанд

Сармураббии “Манчестер Сити” Хосеп Гвардиола иқрор шуд, ки чанд бозигар тобистони имсол дастаро тарк мекунанд.

«Ман боварӣ дорам, ки ҳамаи бозигарони мо сазовори онанд, ки солҳои дароз дар ин ҷо бимонанд. Ба ҳунару истеъдод ва сифати бозии онҳо шубҳа надорам. Аммо вазъ сол аз сол тағир меёбад, зеро бозигароне ҳастанд, ки ба нақшҳои нав мутобиқ мешаванд ва касоне ҳастанд, ки наметавонанд. Гап на дар бораи сифат, балки дар бораи  он меравад, ки баъзан шумо имкони ба майдон баромаданро аз даст медиҳед. Дар чунин лаҳза, бозингар беҳтар аст, ки тарк кунад», - гуфтааст Гвардиола.
Аммо мутахассиси испанӣ онҳое, ки тобистон аз даста меравад ошкор накардааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив