LIVE

Бозигари «ПСЖ» имкони гузариш ба «Реал» ё «Ман Сити»-ро дорад

«Реал» ва «Манчестер Сити» нақшаи ҷалби муҳофизатгари тими «ПСЖ» Маркиносро таҳрезӣ мекунанд. Парижиҳо бо ин футболбози 25 солаи бразилиашон сари тамдиди қарордод ба мувофиқа омода наметавонанд. Ба ҳамин хотир Маркинос мақсади тарки Парижро дорад.  Ин футболбоз дар доираи қарордоди қаблан ба имзо гузоштааш то соли 2022 бояд дар “ПСЖ” боқи монад, аммо клуб барвақтар мехоҳад аз ӯ халос шавад то баъдан ройгон гузариш накунад. Сармураббии   «Ман Сити» Хосеп Гвардиола ҳавасмандии хешро роҷеъ ба ҷалби Маркинос пинҳод накардааст. Ба назари мутахассиси испанӣ баъди рафтани Венсан Компани қисмати дифои тими ӯ ба чунин истеъдод ниёз дорад. Маркинос ба «ПСЖ» аз «Рома» соли 2013-гузариш анҷом дода буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив