LIVE

Клопп: "Ливерпул" наметавонад мисли "Челси" амал кунад

Сармураббии "Ливерпул" Юрген Клопп дар бораи вазъи бозори трансферҳо сӯҳбат кард. «Мо дар ҷаҳони номуайянӣ зиндагӣ мекунем. Барои баъзе дастаҳо муҳим нест, ки оянда чӣ мешавад. Ин клубҳо ба кишвар ва ё  сарватмандон тааллуқ доранд. Мо клуби дигар ҳастем. Мо наметавонем яку якбора ҳама чизро тағир диҳем ва бигӯем: "Ҳоло мо мисли “Челси” рафтор хоҳем кард". Онҳо бисёр футболбозонро ба даст меоранд. Ин метавонад бартарӣ дошта бошад, аммо ин маънои онро надорад, ки ҳамаи онҳо метавонанд бо ҳам бозии натиҷабхш кунанд. Сухан на танҳо дар бораи сифат меравад. Шумо метавонед 11 бозигари беҳтаринро харед ва умедвор бошед, ки онҳо футболи беҳтаринро нишон медиҳанд. Аммо сухан дар бораи корҳои муштарак меравад, ки эҳтимолан барои мо бартарӣ хоҳад дошт, зеро мо як дастаи ташаккулёфта дорем. Мо ҳамеша мехоҳем дастаро беҳтар кунем, барои ин роҳҳои гуногун вуҷуд доранд ", иқрор шудааст, Клопп

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив